Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

6 медали паҳлавонҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо

6 медали паҳлавонҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо

Чемпионати 50-уми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба анҷом расид. Мусобиқа аз 6-ум то 8-уми ноябр миёни намояндагони беш аз 90 кишвар баргузор шуда, барои 33 маҷмӯи медалҳо дар риштаҳои самбои варзишӣ, размӣ ва самбо барои нобиноён миёни мардону занон рақобатҳо доир шуданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар се бахши Чемпионати ҷаҳон 15 варзишгар ташкил дода, ба гирифтани 6 медал ноил шуданд. Дар намуди самбои нобиноён Шоҳрух Назаров (79 кг) ва Раҷаб Ҳусейнов (88 кг) медалҳои нуқраро соҳиб шуданд.

Дар намуди самбои размӣ Холид Толибзода (88 кг) ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид.

Зафар Олимшоев (-88 кг) аз намуди самбои варзишӣ дар финал аз Александр Сучкови рус мағлуб шуда, соҳиби нишони нуқра шуд.

Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+98 кг) дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2026 ба гирифтани медали биринҷӣ аз намуди самбои варзишӣ шарафёб гардид. Рамазон Ҷумаев (-79 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ аз намуди самбои размӣ шарафёб гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар се бахши мусобиқа, самбои варзишӣ байни мардон, самбои нобино (SV-1) ва самбои размӣ 15 варзишгар муаррифӣ намуд.

Дар риштаи самбои варзишӣ Тоҷикистонро ҳафт варзишгар - Акмалиддин Каримов (58 кг), Идибеки Амиршоҳ (64 кг), Ҳикматов Сафияллоҳ (71 кг), Диваштичи Убайдӣ (79 кг), Олимшоев Зафар (88 кг), Комроншоҳи Устопириён (98 кг) ва Некрӯзшоҳи Некбахтзода дар (+98 кг) муаррифӣ карданд.

Дар бахши самбои нобиноён (SV-1) Шоҳрух Назаров (79 кг) ва Раҷаб Ҳусейнов (98 кг) Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Ҳамчунин, дар мусобиқаи самбои размӣ байни мардон Тоҷикистонро шаш варзишгар - Сиёвуш Солиҳов (58 кг), Назаров Хуршед (64 кг), Раҷабзода Худоёр (71 кг), Ҷӯмаев Рамазон (79 кг), Холид Толибзода (88 кг) ва Расулов Худобахш (98 кг) муаррифӣ намуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 363 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, дар чорабинӣ ҳамчунин тақрибан 25 чеҳраи шинохтаи самбо, аз ҷумла сафирони ин намуди варзиш Фёдор Емеляненко ва Ислом Махачев, ҳузур доштанд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj