Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Варзиш

Беҳтаринҳои моҳи октябр аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон муайян шуданд

Беҳтаринҳои моҳи октябр аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон муайян шуданд

Ҳамлагари дастаи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев ва сармураббии ин тим Милан Миланович аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигар ва мураббии моҳи октябр эътироф гардиданд.

Моҳи октябр дастаи «Хуҷанд» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварда, бори шашум дар таърихи худ соҳиби Ҷоми миллӣ гардид.

Ҷаҳонгир Эргашев ва Милан Миланович аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳамчунин, Лигаи футболи Тоҷикистон анъанаи муайян намудани беҳтарин бозигарон ва мураббиёнро на танҳо дар лигаҳои олӣ ва якум, балки дар чемпионати кишвар миёни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ низ идома медиҳад.

Ҳамлагари дастаи ҷавонони КМВА-иДушанбе Сулаймон Хоҷиев беҳтарин бозигари моҳи октябр эътироф гардид. Ӯ давоми моҳи гузашта се маротиба ба гирифтани унвони беҳтарин бозигари вохӯрӣ мушарраф шудааст.

Сармураббии ҳайати эҳтиётии «Истаравшан» Дилшодҷон Аҳадов бошад, беҳтарин мураббии моҳи октябр дониста шуд. Зери роҳбарии ӯ дастаи ҷавонони «Истаравшан» дар моҳи гузашта чор пирӯзӣ ба даст овард.

Сулаймон Хоҷиев ва Дилшодҷон Аҳадов аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом бо 2 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи октябрро дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои лигаи якум эълон кард.

Ҳамлагари дастаи «Сарҳадчӣ» Меҳроб Миров беҳтарин бозигари моҳ номида шуд.

Сармураббии «Ҳулбук»-и Восеъ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев беҳтарин мураббии моҳ номида шуд.

Илова бар ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи октябр дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои лигаи якум аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо 2000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj