Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

Гулмуроди Саъдулло бозии дӯстонаи мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Русияро доварӣ мекунад

Гулмуроди Саъдулло бозии дӯстонаи мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Русияро доварӣ мекунад

Бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ҳайати доварони Тоҷикистон бозии дӯстонаи тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Русияро ҳакамӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари асосии ин вохӯрӣ таъйин шудааст. Ӯро дар иҷрои вазифа ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов дастгирӣ мекунанд.

Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Русия рӯзи 12 ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ барои ҳар ду даста имкони хубест, то дар шароити рақобатӣ омодагии худро санҷида, ба бозиҳои минбаъда омодагӣ бинанд.

Ҷалби ҳайати доварони Тоҷикистон ба чунин вохӯрии байналмилалӣ нишонаи эътимод ба сатҳи касбӣ ва таҷрибаи доварони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj