Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026» иштирок мекунад. Ин мусобиқа аз 11 то 17 ноябр дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон се бозӣ анҷом медиҳад. 11 ноябр дастаи мо бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ, 14 ноябр бо мизбони мусобиқа – мунтахаби Чин, ва 17 ноябр бо тими Ветнам рақобат мекунад.
Барои иштирок дар мусобиқа ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 23 футболбоз - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар иборат аст.
Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон (U-20) барои иштирок дар мусобиқаи «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026»
Дарвозабонҳо: Муродбек Ҳамдамов («Эсхата»), Аҳатҷон Раҳматов («Сардор»), Мансур Ёқубов («Душанбе»);
Дифоъгарон: Рустам Камолов, Ҷонибек Ҳодизода (ҳарду – «Барқчӣ»), Мухаммадҷон Исоқов («Сардор»), Абдусамад Меликмуродов, Ризо Шарипов, Акрамҷон Рисколов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), Абдуқаюм Фузайлов («Моҳир»), Фирӯз Раҳимов («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Шаҳбоз Раҷабов («Истиқлол»);
Ниммуҳофизатгарон: Рамазон Бахталиев («Хуҷанд»), Аҳмадҷон Шоев («Сардор»), Зариф Зарифзода, Абдулло Шаропов, Баҳодур Назарзода (ҳама – «Барқчӣ»), Шаҳбон Наимов («Истаравшан»), Маҳмадамини Хуршедшоҳ («Истиқлол»), Мансурҷон Наҷмиддинзода («Шодмон»);
Ҳамлагарон: Азизбек Муротов («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Муҳаммад Назриев («Сардор»), Беҳрӯз Хоҷаев («Вахш»).
Сармураббӣ – Рустам Хоҷаев.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






