ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, омодагиро ба Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026», ки 14-19 ноябр дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад, шуруъ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, машқҳои дастаи мунтахаб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд. То сафар ба Таиланд, ки 11 ноябр дар назар аст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боз як тамрини дигарро анҷом медиҳад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Нимҳимоятгари дастаи «Ҳосилот»-и Фархор Салоҳиддин Иргашев бар асари ҷароҳат дар ҷамъомади моҳи ноябр иштирок карда наметавонад. Ба ҷойи ӯ футболбози «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Азизбек Ҳаитов ба ҳайати дастаи мунтахаб даъват гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






