Сармураббии мунтахаби ИМА Маурисио Почеттино эҳтимоли роҳбарии бошгоҳи «Манчестер Юнайтед»-ро истисно намекунад. Бино ба иттилои BBC, чанд манбаи гуногун тасдиқ кардаанд, ки мутахассиси аргентинӣ барои гузаштан ба бошгоҳи шаҳри Манчестер омодагӣ дорад.
Моҳи августи соли ҷорӣ Почеттино шартномаи худро бо Федератсияи футболи ИМА тамдид карда буд. Аммо тибқи маълумот, дар созишнома бандҳои махсус пешбинӣ шудаанд, ки ба ӯ имкон медиҳанд дар сурати гирифтани пешниҳод аз баъзе бошгоҳҳои бузурги футболӣ шартномаро қатъ намояд.
Роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» аллакай масъалаи пайдо кардани ҷойгузини Майкл Кэррикро баррасӣ дорад, зеро эҳтимоли истеъфои ӯ рӯз аз рӯз бештар мешавад. Қаблан BBC хабар дода буд, ки масъулони бошгоҳ бо Эдди Хау ва Юлиан Нагелсман тамос гирифта, омодагии онҳоро барои роҳбарии даста арзёбӣ кардаанд.
Ҳамчунин, сармураббии «Наполи» Антонио Конте низ аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ин вазифа маҳсуб мешавад. Гуфта мешавад, ки ӯ низ ба роҳбарии «Манчестер Юнайтед» таваҷҷуҳ дорад.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






