Субҳи имрӯз дар доираи бозиҳои мавсими муқаррарии чемпионати NBA-2026/27 дастаҳои «Хюстон Рокетс» ва «Денвер Наггетс» ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар шаҳри Хюстон баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 110:100 (32:24; 22:16; 23:28; 33:32) анҷом ёфт.
Дар ҳайати ғолибон Кевин Дюрант бо 23 имтиёз, 12 бозёфти тӯб ва 8 партофти натиҷабахш беҳтарин нишондиҳандаро ба қайд гирифт. Алперен Шенгюн низ бозиро бо дабл-дабл анҷом дода, 20 имтиёз, 11 бозёфти тӯб ва 8 ассист ба даст овард.
Дар ҳайати «Денвер» Ҷамал Мюррей бо 38 имтиёз, 2 бозёфти тӯб ва 2 ассист бозигари сермаҳсул шуд. Никола Йокич бо 25 имтиёз, 16 бозёфти тӯб ва 8 ассист дабл-дабл ба қайд гирифт.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






