ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026» иштирок мекунад. Ин мусобиқа аз 11 то 17 ноябр дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон се бозӣ анҷом медиҳад. 11 ноябр дастаи мо бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ, 14 ноябр бо мизбони мусобиқа – дастаи мунтахаби Чин ва 17 ноябр бо тими Ветнам рақобат мекунад.
Барои иштирок дар мусобиқа ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 23 футболбоз: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар иборат аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj



