Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

Мирра Андреева дар таърихи мусобиқаи ҷамъбастии WTA рекорди нодир гузошт

Мирра Андреева дар таърихи мусобиқаи ҷамъбастии WTA рекорди нодир гузошт

Теннисбози рус Мирра Андреева дар таърихи мусобиқаи ҷамъбастии Ассотсиатсияи тенниси занон (WTA) дастоварди нодиреро ба қайд гирифт. Ӯ аввалин теннисбоз дар таърихи ин мусобиқа гардид, ки дар ҳар ду бозии аввали худ тавонист ақаллан як сетро бо ҳисоби бузурги 6:0 ба анҷом расонад. Дар ин бора сомонаи омории OptaAce хабар додааст.

Мирра Андреева дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ намояндаи Украина Элина Свитолинаро бо ҳисоби 6:4, 6:0 мағлуб кард. Пас аз ин, теннисбози рус дар бозии дуюм бар намояндаи Беларус Арина Соболенко низ бо ҳамин натиҷа — 6:4, 6:0 пирӯз шуд.

Бо ба даст овардани ду ғалабаи пайиҳам Андреева пеш аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ роҳхати худро ба даври нимниҳоии мусобиқа таъмин намуд. Илова бар ин, ӯ аллакай мақоми аввалро дар гурӯҳи худ кафолат додааст.

Бозии охирини ӯ муқобили намояндаи Чехия Каролина Мухова баргузор мешавад. Мухова бошад, аллакай имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдиро аз даст додааст. Аз ин рӯ, натиҷаи вохӯрии мазкур ба мавқеи Мирра Андреева дар ҷадвали гурӯҳ таъсир нахоҳад расонд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj