Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

Хосеп Гвардиола метавонад сармураббии мунтахаби ИМА шавад

Хосеп Гвардиола метавонад сармураббии мунтахаби ИМА шавад

Сармураббии собиқи «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола метавонад сармураббии мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба уҳда гирад. Ин эҳтимол дар ҳолате амалӣ мешавад, ки сармураббии феълии мунтахаби ИМА Маурисио Почеттино пешниҳоди «Манчестер Юнайтед»-ро қабул карда, ҷойгузини Майкл Кэррик мешавад. Дар ин бора нашрияи The Athletic хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, номзадии Гвардиола ҳоло дар Федератсияи футболи ИМА ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешавад. Қаблан мутахассиси испанӣ пешниҳоди сармураббигии мунтахаби Италияро рад карда буд, зеро мехост муддате истироҳат намояд.

Хосеп Гвардиола дар давраи фаъолияташ дар «Манчестер Сити» ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Ӯ ҳамроҳи «шаҳриҳо» се маротиба Ҷоми Англия, шаш маротиба Премйер-лига ва панҷ маротиба Ҷоми Лигаи Англияро ба даст овардааст.

Ҳамчунин, зери роҳбарии Гвардиола «Манчестер Сити» се маротиба соҳиби Суперҷоми Англия гардида, якмаротибагӣ дар Лигаи чемпионҳои УЕФА, Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо ғолиб шудааст.

Илова бар ин, мутахассиси испанӣ дар давраи сармураббигии «Барселона» ва «Бавария» низ соҳиби як қатор ҷоизаҳои бонуфузи футбол гардидааст.

Ҳамин тариқ, эҳтимоли ба тими миллии ИМА омадани Гвардиола метавонад яке аз рӯйдодҳои ҷолиб дар футболи ҷаҳон гардад. Аммо то ҳол дар ин бора қарори расмӣ қабул нашудааст.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj