Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2026 бозии дуюми дӯстонаашро дар шаҳри Дубай баргузор намуд.
Рақиби наврасони тоҷик дар ин бозӣ мунтахаби наврасони Фиҷи буд. Вохӯрӣ 11 ноябр дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор шуда, бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Асадбек Махтумов дубл карда, Мунаввар Анварзод, Фирдавсӣ Ҳалимов ва Комилҷон Шариповяк голӣ ба нишон расониданд.
Қаблан, дар дидори якуми дӯстона дар Дубай, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Кот-д’Ивуар мусовӣ – 1:1 карда буд.
Рақобати ниҳоии санҷишии шогирдони Игор Суров дар ҷамъомади Дубай рӯзи 15 ноябр бар муқобили ҳамсолони худ аз Танзания баргузор мешавад.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






