Шанбе, 14 ноябр 2026
Варзиш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Сисакети Таиланд бозиҳои даври нимниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» оид ба футбол  баргузор мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрии якум дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Умон соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Душанбе) рӯ ба рӯ мешавад.

Дар ҳолати мусовӣ шудани натиҷа дар вақти асосии бозӣ ғолиб дар силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян мегардад.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj