Шанбе, 14 ноябр 2026
Варзиш

Салоҳ беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби Миср шуд

Салоҳ беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби Миср шуд

Ҳамлагари бошгоҳи «Трабзонспор» Муҳаммад Салоҳ рекорди таърихии мунтахаби Мисрро нав карда, ба беҳтарин нишонзани дастаи миллӣ табдил ёфт.

Рӯзи ҷумъаи 13-уми ноябр, футболбози 34-сола дар бозии марҳилаи интихобии Ҷоми миллатҳои Африқо муқобили мунтахаби Малави ду гол ба самар расонд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ба фоидаи мисриҳо анҷом ёфт.

Бо ин дубл шумораи голҳои Салоҳ дар ҳайати мунтахаби Миср ба 70 расид. Ҳамин тавр, ӯ аз Ҳусом Ҳасан, ки дар ҳисобаш 69 гол дошт, пеш гузашт ва рекорди нави голзании мунтахаби кишварашро гузошт.

Ҷолиб он аст, ки Салоҳ барои расидан ба ин дастовард дар 123 бозӣ ба задани 70 гол муваффақ шудааст.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj