Якшанбе, 15 ноябр 2026
Варзиш

Тими ҷавонони Тоҷикистон бо Чин мусовӣ намуд

Тими ҷавонони Тоҷикистон бо Чин мусовӣ намуд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар дуюмин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026», ки дар шаҳри Чэндуи Чин ҷараён дорад, бо тими Чин нерӯ санҷид.

Рақобат бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Рамазон Бахталиев ба самар расонд.

Қаблан, дар бозии аввали мусобиқа мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Кореяи Ҷанубӣ низ 1:1 мусовӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии мусобиқаи «Panda Cup 2026» шогирдони Рустам Хоҷаев бо ҳамсолони худ аз Ветнам рӯ ба рӯ мешаванд. Ин бозӣ 17 ноябр баргузор мегардад.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj