Бошгоҳи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ таҳти роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ғолиби чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои лигаи якум гардида, роҳхат ба лигаи олии кишварро ба даст овард.
«Ҳулбук» дар 28 бозии баргузоркардааш 20 пирӯзӣ ба даст оварда, 7 бозиро мусовӣ анҷом дод ва ҳамагӣ дар як дидор мағлуб шуд. Дастаи ноҳияи Восеъ дар ҳисоби худ 67 хол дорад.
Ҷойи дуюмро дар лигаи якум «Саройкамар»-и Панҷ гирифт. Акнун ин даста дар бозиҳои гузаришӣ бо дастаи 11-уми чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои лигаи олӣ рақобат мекунад.
Медалҳои биринҷии чемпионат насиби «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардиданд.
«Ҳулбук»-ро ба муносибати пирӯзӣ дар лигаи якуми Тоҷикистон ва бозгашт ба элитаи футболи тоҷик табрик мегӯем!
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






