Сешанбе, 17 ноябр 2026
Варзиш

Дар Истаравшан майдони футболи “ФИФА-Арена” ифтитоҳ карда шуд

Дар Истаравшан майдони футболи “ФИФА-Арена” ифтитоҳ карда шуд

16 ноябр дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан маросими тантанавии ифтитоҳи майдони футболи «ФИФА-Арена» баргузор гардид, ки бо дастгирии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бунёд шудааст.

Дар маросими кушодашавӣ раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов иштирок намуданд.

Котиби генералии ФФТ зимни суханронии худ ба ФИФА барои дастгирии молиявии татбиқи ин лоиҳа изҳори сипос намуда, аҳамияти онро дар рушди футболи оммавӣ ва кӯдакону наврасон дар кишвар таъкид кард.

Майдони нави футбол дар рушди инфрасохтори футболи шаҳр саҳми муҳим гузошта, инчунин имкон фароҳам меорад, ки шумораи бештари кӯдакон ва наврасони шаҳр ба футбол ва тарзи ҳаёти солим ҷалб шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ин ташаббус боз як майдони футболи «ФИФА-Арена» дар шаҳри Ҳисор бунёд карда мешавад.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj