Сешанбе, 17 ноябр 2026
Варзиш

Мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи “King’s cup 2026” бо Тайланд вомехӯрад

Мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи “King’s cup 2026” бо Тайланд вомехӯрад

17 ноябр дар варзишгоҳи музофотии шаҳри Сисакети Тайланд бозиҳои ниҳоии 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» баргузор мешаванд.

Дар бозии финалӣ мунтахаби Тоҷикистон бо мизбони мусобиқа – мунтахаби Тайланд, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 93-юмро ишғол мекунад, вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо пирӯзӣ бар тими миллии Уммон бо ҳисоби 1:0 дар бозии ниманиҳоӣ ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Акнун дастаи мо дар рақобати ҳалкунанда барои ба даст овардани ҷоми асосии мусобиқа мубориза хоҳад бурд.

Дар сурати мусовӣ шудани ҳисоб баъди анҷоми вақти асосӣ, ғолиби вохӯрӣ дар силсилаи зарбаҳои пеналти муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон барандаи 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» дар Тайланд гардида буд. Шогирдони Петр Сегрт дар бозии даври ниманиҳоӣ бар тими Тринидад ва Тобаго (2:1) ва дар бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар тими миллии Малайзия (3:0) пирӯз шуданд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj