Нимҳимоятгари 18-солаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Абдулло Иброҳимзода нахустин бозии худро дар ҳайати мунтахаби асосии кишвар анҷом дод.
Дар бозии нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» муқобили яккачини Уммон, ки бо пирӯзии тими мо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт, Иброҳимзода дар дақиқаи 87-уми вохӯрӣ ба майдон баромад.
Абдуллоро ба ин муносибат табрик гуфта, барояш дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон комёбиҳои нав ва баромадҳои дурахшон орзу менамоем!
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 17-уми ноябр дар варзишгоҳи музофотии шаҳри Сисакети Тайланд бозиҳои ниҳоии 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» баргузор мешавад.
Дар бозии финалӣ мунтахаби Тоҷикистон бо мизбони мусобиқа – мунтахаби Тайланд, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 93-юмро ишғол мекунад, вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






