Сешанбе, 17 ноябр 2026
Варзиш

Олмон дарвозаи Нидерландро торумор кард

Олмон дарвозаи Нидерландро торумор кард

Дар бозии марказии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА дар мавсими 2026/27 мунтахабҳои Олмон ва Нидерланд бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Олимпиаштедиони» шаҳри Берлин баргузор шуда, бо пирӯзии бузурги мизбонон бо ҳисоби 5:0 ба анҷом расид.

Мунтахаби Олмон ҳисобро дар дақиқаи 41-уми бозӣ боз кард. Ҳамлагари даста Дерри Шерхант баъди паси капитани мунтахаб Йозуа Киммих тӯбро вориди дарвозаи рақиб намуд ва қисми аввал бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи олмониҳо анҷом ёфт.

Дар қисми дуюм олмониҳо бартарии худро боз ҳам бештар карданд. Дар дақиқаи 60-ум нимҳимоятгар Флориан Виртс голи дуюми дастаро ба самар расонд. Ҳамагӣ панҷ дақиқа баъд, Нико Шлоттербек баъди паси Браян Груда, ки тоза ба майдон ворид шуда буд, голи сеюмро зад.

Дар дақиқаи 71-ум Виртс бо истифода аз паси Груда голи дуюмро ба самар расонид. Нуқтаи ниҳоиро дар дақиқаи 77-ум Браян Груда гузошт ва натиҷаи бозӣ 5:0 ба фоидаи Олмон шуд.

Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Олмон дар гурӯҳи 2 бо касби 11 имтиёз мақоми аввалро ишғол кард. Дастаҳои Нидерланд ва Юнон бошанд, бо ҳамин миқдор имтиёз мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj