Сешанбе, 17 ноябр 2026
Варзиш

Темур Раҳимов ба тамринҳои ҷудо баргашт!

Темур Раҳимов ба тамринҳои ҷудо баргашт!

Ҷудокори 29 сола Темур Раҳимов пас аз 4 моҳ тамринҳоро бо ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон расман оғоз намуд. Чанде пеш комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишвар аз ҷумла Темур Раҳимовро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум карда буд.

Сабаби ин қарор “вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ ва ҳозир нашудан”-и онҳо ба 3 давраи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаҷамъона зери роҳнамоии мураббиҳои нав буд.

Ҳоло, Темур Раҳимов бо азму иродаи қавӣ ба тамринҳо баргаштааст то парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои минбаъдаи сайри ҷаҳонии ҷудо ва Олимпиадаи соли 2028 парафшон гардонад.

Дар нимаи моҳи декабр ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд то дар мусобиқаи “World Judo Masters-2026” ҳунарнамоӣ кунанд. Душанбе бори аввал ин мусобиқаро мизбонӣ мекунад ва иштироки Темур Раҳимов дар ин мусобиқа навиди хушҳолкунанда барои ҳаводорони ҷудои тоҷик мебошад. Қобили зикр аст, ки Темур дар мусобиқаҳои “Мастерс” ба гирифтани 2 медали нуқра ноил шудааст.

Охирин медалро Темур моҳи ноябри соли гузашта, дар Лигаи чемпионҳои ҷудои Аврупо миёни бошгоҳҳо соҳиб шуда буд. Онҷо Темур медали нуқра гирифт ва дар ҳайати тими “Ред Стар”-и Сербия баромад намуд. Барои Тоҷикистон дар аввали моҳи ноябри соли гузашта, Темур медали нуқраи Бозиҳои Ҳамбастагии Исломиро соҳиб шуда буд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj