Дар финали мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» мунтахабҳои Тоҷикистон ва Тайланд андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии 52-юмин мусобиқаи анъанавии «King’s Cup» дар шаҳри Сисакети Тайланд дар ҳузури 17 426 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди тими мизбон анҷом ёфт.
Аз ҳайати тими мунтахаби Тайланд голҳоро Супачок Сарачат дар дақиқаи 40-ум, Тирасак Поэйфимай дар дақиқаҳои 50-ум ва 75-ум ба самар расониданд.
Аз ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 38-ум корти сурх гирифт, ки дар идома ба натиҷаи бозӣ таъсиргузор буд.
Ҳамин тавр, тими мунтахаби Тоҷикистон дар финал аз Тайланд мағлуб шуда, имкони ба даст овардани унвони қаҳрамониро аз даст дод.
Қаблан дар марҳилаи нимниҳоӣ мунтахаби мо бар тими Уммон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон барандаи 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» дар Тайланд гардида буд. Шогирдони Петр Сегрт дар бозии даври ниманиҳоӣ бар тими Тринидад ва Тобаго (2:1) ва дар бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар тими миллии Малайзия (3:0) пирӯз шуда буданд.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






