Чоршанбе, 18 ноябр 2026
Варзиш

Игор Ангеловский бохти Тоҷикистон аз Тайландро шарҳ дод

Игор Ангеловский бохти Тоҷикистон аз Тайландро шарҳ дод

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский натиҷаи бозии финалии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» бар муқобили мунтахаби Тайландро, ки бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт, шарҳ дод.

«Пеш аз ҳама, мунтахаби Тайландро барои пирӯзӣ дар Ҷоми шоҳ табрик мегӯям. Аз бозигаронам барои ду бозии анҷомдода дар ин мусобиқа сипосгузорам.

Вохӯрии финалӣ бо бартарии мунтахаби Тайланд оғоз шуд ва дар даҳ дақиқаи аввал онҳо ташаббусро дар даст доштанд. Сипас мо тавонистем назорати бозиро ба даст гирем ва чандин лаҳзаи хатарнок эҷод кунем. Парвиз Умарбоев ва Шериддин Бобоев имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо дарвозабони рақиб зарбаҳои онҳоро баргардонд.

Лаҳзаи калидии бозӣ корти сурхе буд, ки Нозим Бобоҷонов гирифт. Намехоҳам ба кори доварон баҳо диҳам, аммо ба назари ман, баъзе қарорҳои довар боиси зиёд шудани асабонияти бозигарон шуданд.

Ду голи аввалро мо дар натиҷаи хатоҳои инфиродии худ сар додем, ки мутаассифона, қисми ҷудонашавандаи футбол мебошанд.

Мунтахаби Тайланд имконияти бештари ивази ҳайатро дошт. Ғайр аз ин, дар даври ниманиҳоӣ онҳо рақиби нисбатан осонтар доштанд, ки ба онҳо имкон дод ба қисми зиёди бозигарони асосӣ истироҳат диҳанд. Баръакси мо, ки пас аз сафари дурӯза бо Уммон рақобати вазнин гузаронидем.

Бо вуҷуди ин, иштирок дар ин мусобиқа ва ба даст овардани ҷойи дуюм барои дастаи мо таҷрибаи хуб аст. Ба шарофати чунин бозиҳо ман метавонам дар бораи имкониятҳои ҳар як футболбози тими миллӣ шиносоии пурратар пайдо кунам.

Мехоҳам ба мухлисон барои дастгириашон ташаккур гӯям. Афсӯс мехӯрам, ки натавонистем ҷомро ба Тоҷикистон биёрем. Ҳамчунин ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароит изҳори сипос мекунам», – гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj