Чоршанбе, 18 ноябр 2026
Варзиш

Аргентина ба дарвозаи Коста-Рика ҳафт голи беҷавоб зад

Аргентина ба дарвозаи Коста-Рика ҳафт голи беҷавоб зад

Тими мунтахаби Аргентина дар бозии дӯстона муқобили дастаи Коста-Рика пирӯзии бузург ба даст овард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Марио Кемпес”-и шаҳри Кордоваи Аргентина барузор шуда, бо ҳисоби бузурги 7:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Аз ҳайати тими мунтахаби Аргентина голҳоро Нико Пас дар дақиқаҳои 8-ум, 38-ум, Хулиан Алварес дар дақиқаи 35-ум, 43-юм, Франко Мастантуоно дар дақиқаҳои 48-ум, 88-ум ва Алексис МакАллистер дар дақиқаи 78-ум ба самар расониданд.

Мунтахаби Аргентина пеш аз бозӣ бо Коста-Рика дар вохӯрии дӯстона мағлуби Уругвай (1:2) шуда буд. Коста-Рика пеш аз бозӣ бо Аргентина дар бозии дӯстона бар тими Гаити (2:0) ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои навбатиро мунтахабҳо моҳи марти соли 2027 анҷом медиҳанд. Ҳарифони дастаҳо ҳоло муайян нашудаанд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj