Панҷшанбе, 19 ноябр 2026
Варзиш

Ҳабиб Нурмагомедов пешниҳоди 200 миллион долларро барои бозгашт ба UFC рад кард

Ҳабиб Нурмагомедов пешниҳоди 200 миллион долларро барои бозгашт ба UFC рад кард

Қаҳрамони собиқи UFC ва размкори мағлубнопазири рус Ҳабиб Нурмагомедов пешниҳоди блогер, промоутер ва муштзан Ҷейк Полро барои бозгашт ба варзиши касбӣ рад кардааст.

Зимни суҳбати онҳо Ҷейк Пол аз Ҳабиб пурсид, ки кай нияти бозгашт ба рақобатҳоро дорад ва барои бозгашти ӯ 200 миллион доллар пешниҳод намуд.

Аммо Нурмагомедов ин пешниҳодро қабул накард. Ба гуфтаи ӯ, бозгашт ба октагон дигар маъное надорад, зеро ӯ аллакай ҳама чизро исбот кардааст ва маблағи калон низ наметавонад ангезаи бозгашти ӯ гардад.

«Чаро ман бояд баргардам? Ман дигар чизеро исбот карданӣ нестам. Дар ин ҷо рақибе вуҷуд надорад, танҳо пул аст. Аммо пул барои ман ангеза нест», — иқтибос овардааст аз суханони Ҳабиб саҳифаи Championship Rounds дар шабакаи иҷтимоии X.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj