Globe Soccer Awards рӯйхати номзадҳои ҷоизаи «Беҳтарин футболбози соли 2026 дар Ховари Миёна»-ро эълон кард.
Ба рӯйхати ниҳоии номзадҳо 10 футболбоз - Жоау Феликс, Садио Мане ва Криштиану Роналду аз бошгоҳи «Ал-Наср», Мусаб Ал-Ҷувайр ва Хулиан Кинйонес аз «Ал-Қадисия», Ёсин Буну ва Рубен Невеш аз «Ал-Ҳилол», Эдуар Менди ва Айван Тони аз «Ал-Аҳлӣ», инчунин Суфён Раҳимӣ аз бошгоҳи «Ал-Айн» шомил шудаанд.
Globe Soccer Awards ҷоизаи солонаи футболӣ буда, дар он беҳтарин футболбозон, мураббиён, бошгоҳҳо, агентҳо ва дигар намояндагони ҷаҳони футбол қадрдонӣ мешаванд. Маросими супоридани ҷоизаҳо маъмулан охири моҳи декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






