Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Варзиш

“Реал Мадрид” Нико Пасро аз “Комо” бо маблағи 80 миллион евро бармегардонад

“Реал Мадрид” Нико Пасро аз “Комо” бо маблағи 80 миллион евро бармегардонад

Дастаи «Реал Мадрид» нақша дорад, ки имкони хариди нимҳимоятгари аргентинӣ Нико Пасро аз бошгоҳи «Комо» фаъол созад.

Тибқи иттилои COPE, бошгоҳи шоҳона омода аст тобистони соли оянда барои баргардонидани дастпарвари худ 80 миллион евро пардохт намояд. Рӯзноманигор Мелчор Руис таъкид мекунад, ки роҳбарияти «Реал» қотеъона тасмим гирифтааст ин гузаришро дар равзанаи наздиктарини трансферӣ амалӣ созад.

Ёдовар мешавем, ки дар равзанаи тобистонаи трансферии гузашта «Комо» ҳуқуқи пурраи ин нимҳимоятгари 22-соларо аз «Реал» ба маблағи 60 миллион евро харидорӣ карда буд. Қабл аз ин бошгоҳи итолиёвӣ футболбозро ба таври иҷора бо пардохти 6 миллион евро ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, ки Нико Пас дар мавсими ҷорӣ дар мусобиқаҳои Серияи А ва Лигаи чемпионҳо 14 бозӣ анҷом дода, ба задани 6 гол ва 8 партофти головар ноил шудааст.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj