Бошгоҳи футболи «Рӯшон» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дастоварди муҳим ноил гардида, роҳхат ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд. Ҳамакнун, дар мавсими 2027 тими «Рӯшон» дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро намояндагӣ хоҳад намуд.
Ин дастовард барои даста на танҳо гузариш ба зинаи баландтари футбол, балки қадами муҳим дар рушди футбол дар яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки «Рӯшон» ҳанӯз соли 2025 ғолиби Лигаи минтақавии Бадахшон шуда буд. Акнун даста ба марҳилаи нави рақобатҳо омодагӣ мебинад, ки дар он рақибони пурқувваттар ва талаботи ҷиддитар ӯро интизоранд.
Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби таърихи ин бошгоҳ бунёди варзишгоҳи хонагии он бо номи «Рӯшон Арена» мебошад. Футболбозони даста дар корҳои сохтмонии варзишгоҳ низ иштирок карда, ҳамзамон тамринҳои худро идома медоданд.
Ба Лигаи якум баромадани «Рӯшон» барои рушди футбол дар ВМКБ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ин дастовард метавонад таваҷҷуҳи сарпарастони маҳаллиро ба бошгоҳ бештар намуда, ба беҳтар шудани инфрасохтори футбол ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мусоидат кунад.
Ҳамзамон, иштирок дар мусобиқаи нав масъулияти бештарро талаб мекунад. Таъмини маблағгузорӣ, ташкили сафарҳои даставӣ, масъалаҳои нақлиёт ва омода намудани инфрасохтор ба талаботи мусобиқа аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки бошгоҳ бояд ҳал намояд.
Ҳамин тавр, «Рӯшон» бо ташаббус, меҳнат ва талошҳои дастаҷамъона ба зинаи нави футболи кишвар баромад. Акнун мухлисони футболи Бадахшон имкони дидани рақобатҳои дастаи худро дар сатҳи Лигаи якуми Тоҷикистон пайдо мекунанд. Ин барои футболи минтақа як рӯйдоди таърихӣ ва оғози марҳилаи нави рушд мебошад.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






