Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

Медали тиллои Сомон Турсунзода дар мусобиқаи “Кубок Единства”

Медали тиллои Сомон Турсунзода дар мусобиқаи “Кубок Единства”

Сомон Турсунзода варзишгари навраси тоҷик ва дастпарвари “Клуби ҷудои Сомон” ва “Ҳоҷӣ Шариф” дар мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба гуштини ҷудо “Кубок Единства”, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор шуд, натиҷаеро ба даст овард, ки сазовори таҳсин аст.

Сомон бо мағлуб сохтани шаш рақиби қавӣ дар давраҳои пайдарпай тавонист ба финал роҳ ёфта, дар ниҳоят бо нишон додани маҳорати баланд ва омодагии ҷиддӣ, соҳиби медали тиллои ин мусобиқа гардад.

Умедворем, ки дар ҳамин роҳ мисли Сомон Маҳмадбеков ва дигар паҳлавонони кишвар парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло мебардорад ва бо шарофати ӯ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо хоҳад дод.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"