Четверг, 26 ноября 2026
Культура

Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Академияи байналмилалии адабиёт, санъат, фарҳанг ва фанҳои иҷтимоӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон–шаҳри Тошканд таҳти унвони «Адабиёти миллӣ–оинаи миллат» конфронси байналмилалии илмию адабӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш намояндагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Академияи байналмилалии адабиёт, санъат, фарҳанг ва фанҳои иҷтимоӣ адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзодро ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта, бо Диплому Сертификат ва нишони академикӣ ва Диплому Сертификати ходимони эҷодиёти халқ сарфароз гардонид.

Нависанда, публитсист ва рӯзноманигори маъруф Сипеҳр Ҳасанзод бо очерку публитсистика, ҳикояҳо, қиссаҳо ва романҳои бадеиву таърихӣ ва сабки хосса дар қалби ҳаводорони адабиёт ҷойгоҳи хоси худро пайдо намудааст.

Дар меҳвари эҷодиёти нависанда тасвири олами ботинии инсон, паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва манзараҳои ҷолиби рӯзгор бо фасоҳату равонӣ ва ширинии забони тоҷикӣ қарор доранд. Асарҳои Сипеҳр Ҳасанзод аз як ҷониб инсонҳоро ба одамият, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои неки инсонӣ ҳидоят намуда, аз ҷониби дигар, муҳаббату самимияти волидонро нисбат ба фарзандон ва эҳтирому садоқати фарзандонро ба падару модар талқин менамоянд.

Маҷмуаҳои очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои таърихии «Фидоиёни роҳи озодӣ», «Парастуҳои саҳна», «Боздид», «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав…», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле», «Ҳадиси ватандорӣ» (бо 7 забон), «Турнаҳои мусофир», «Кӯдак ва парвона», «Найнавоз ва писарак» (барои кӯдакон ва наврасон), «Чароғи ҳидоят», «Порисаеву ворисе…» аз таълифоти эҷодии нависанда Сипеҳр Ҳасанзод мебошанд, ки дар доираҳои адабӣ ва байни ҳаводорони каломи бадеъ хуш пазируфта шудаанд. Ба осори нависанда мунаққидону адабиётшиносони маъруфе, чун Соҳиб Табаров, Муҳаммад Лутфуллозода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Хуршеда Отахонова, Аламхон Кӯчарзода, Ҳамроқул Шодиқулов, Тоҷиддин Мардонӣ, Абдувалӣ Давронов, Шамсиддин Солеҳ, муҳаққиқон Азимҷон Аминов, Замира Улмасова, Сайфиддин Назарзода, Абдушукур Абдусаттор, Умар Сафар, Мирзо Солеҳ, Зафар Мирзоён ва даҳҳо нафари дигар баҳои сазовор додаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj