Четверг, 26 ноября 2026
Общество

Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба фаъолият оғоз бахшид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи марказ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Саймон Ҳоллема, намояндагони сохторҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба маблағи 2 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Он барои ташкили омӯзишҳои соҳавӣ, такмили дониш ва малакаи мутахассисон, мубодилаи таҷриба ва татбиқи усулҳои муосири ташкил ва таъмини ғизои мактабӣ имкониятои мусоид фароҳам меорад.

Марказ аз ошхона ва лабораторияҳои намунавии таълимӣ барои омӯзиши ихтисосҳои ошпазию қаннодӣ иборат мебошад. Он бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардида, барои ташкили машғулияти назариявӣ ва амалӣ, омӯхтани технологияҳои муосири омодасозии хӯрок ва риояи талаботи санитариву беҳдоштӣ имконияти заруриро фароҳам меорад.

Зимни ба истифода додани марказ иброз гардид, ки масъалаи таъмини ғизои солим, бехатар ва мутавозин барои кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ба ҳифзи саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, рушди низоми ғизои мактабӣ, такмили заминаи моддию техникии ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар ин самт аҳамияти хосса касб менамояд.


Бунёди чунин марказ барои ташаккули заминаи устувори омодасозии мутахассисони соҳаи хӯроки умумӣ ва ғизои мактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин замина, истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим ва мутобиқ сохтани мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ ба талаботи воқеии бозори меҳнат аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии марказ маҳсуб мешаванд.

Минбаъд дар марказ аз рӯйи ихтисосҳои «Ошпаз», «Қаннод», «Ошпази таомҳои миллӣ» ва «Ошпази таомҳои хориҷӣ» мутахассисон дар доираи машғулияти кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат омода карда мешаванд. Пас аз хатми машғулияти омӯзишӣ мутахассисони омодашуда барои фаъолият ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат равона карда мешаванд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки дар ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ мутахассисони дорои дониш ва малакаҳои зарурӣ фаъолият намуда, сатҳу сифати хизматрасонии ғизо беҳтар ва талаботи муосир дар самти омода, тақсим ва пешниҳоди ғизои солими мактабӣ таъмин карда шавад.

Ҷанбаи дигари муҳими таъсиси марказ таҳия ва амалӣ намудани стандартҳои нави таълимӣ мебошад. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид модули таълимӣ ва стандартҳои нави ихтисоси «Ошпаз» таҳия гардидаанд, ки минбаъд мавриди омӯзиш ва истифода қарор мегиранд.

Ҳамзамон марказ ҳамчун заминаи омӯзишу такмили ихтисоси кормандони соҳа хизмат намуда, барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам, омӯзиши технологияҳои нав ва густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо сохторҳои масъули соҳаи ғизои мактабӣ имконияти иловагӣ фароҳам меорад. Ин раванд дар оянда ба ташаккули низоми ягонаи омодасозии мутахассисон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии ғизоӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Иброз гардид, ки бунёди чунин марказҳои муосири омӯзишӣ дар заминаи Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб ва Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент низ ба нақша гирифта шудааст. Марказҳо дар ин ду муассисаи таълимӣ соли 2027 бо тамоми таҷҳизоти зарурии таълимӣ, техникӣ ва амалӣ муҷаҳҳаз шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.

Бояд гуфт, ки Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ дар литсей дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкории Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди устувори ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» ва бо ҳамкории Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия таъсис дода шудааст.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj