ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кони ганҷ», ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 марти соли 2023 дар деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод мавриди истифода қарор гирифт, имрӯз бо иқтидори пурра фаъолият дошта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод иттилоъ медиҳад.
Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Нормаматов дар 2,9 гектар бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҷаҳҳаз гардидааст. Иқтидори солонаи он коркарди то 15 ҳазор тонна пахта буда, бо истифода аз технологияҳои муосир аз ашёи хоми коркардшуда то 38 фоиз нахи пахта ва 55 фоиз чигит ба даст оварда мешавад.
Дар заминаи корхона ҳамчунин коргоҳи равғанбарорӣ бо иқтидори коркарди то 40 тонна чигит дар як шабонарӯз фаъоят мекунад. Дар он аз чигити пахта ва офтобпараст равғани растанӣ ва намудҳои гуногуни хӯроки чорво истеҳсол мегардад.
Дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхона зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, беш аз 50 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб шудаанд. Истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ дар ин коргоҳ ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






