ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС таҳти унвони «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид. Дар доираи он роҳбарияти мақомоти давлатӣ, танзимгарони соҳа, намояндагони бахши бонкию молиявӣ ва коршиносони пешбари байналмилалӣ дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси Кумитаи тадорукоти форум Александр Гризов иброз намуд, ки ««Digital Tajikistan» ба маркази воқеии тамаркузи дониш ва робитаҳои тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ин ҳамоиши сатҳи баланд ба пешрафти минбаъдаи рақамикунонӣ, рушди иқтисод, ҷомеа ва тамоми сохторҳои давлатию хусусӣ таъсири назаррас мерасонад. Инак, маротибаи сеюм аст, ки дар яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ин самт дар Осиёи Марказӣ коршиносони пешбари байналмилалӣ, роҳбарияти мақомоти танзимкунанда, роҳбарони аршади ниҳодҳои молӣ, шабакаҳои савдо, ширкатҳои IT ва операторони алоқаи Тоҷикистон ва мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон гирди ҳам меоянд».
Зимни ҷаласаи пленарӣ муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод доир ба дастовардҳои мамлакат дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва татбиқи барномаҳои стратегии рушди иқтисоди рақамӣ маълумот пешниҳод намуд.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, баланд бардоштани сифати интернет ва фароҳам овардани заминаи техникӣ барои хизматрасониҳои муосири рақамӣ ҷалб намуд.
Иштирокдорон ҳамчунин масъалаҳои зеҳни сунъӣ, технологияҳои молӣ (финтех), бонкдории рақамӣ ва амнияти кибериро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадафи Форуми «Digital Tajikistan 2026» таҳкими муколамаи байни давлат ва тиҷорат барои суръат бахшидан ба равандҳои рақамикунонӣ дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






