ДУШАНБЕ, 24.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошанд, ки «мо ҳамеша ба неруи созанда ва масъулияти баланди ватанпарваронаи мардуми тоҷик эътимоди қавӣ дорем ва бовар дорем, ки онҳо то ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд».
«Дар ин ҷода моро парчами миллӣ ҳамчун ифодаи муҳаббату садоқати бепоён ба давлату миллат, эҳтироми шоиста ба таърихи гузашта ва масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда раҳнамо мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат хотиррасон шуданд, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ парчами давлатӣ на танҳо василаи таъмини сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик, балки омили асосии таҳкими худшиносӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Имрӯз оламиён парчами миллии тоҷиконро мешиносанд, эътироф менамоянд ва дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву маънавии моро ба он пайванд медиҳанд.
«Ҷилову шукӯҳи онро мо имрӯз дар минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ бо ифтихору сарбаландӣ мушоҳида мекунем», — тазаккур доданд Роҳбари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






