Понедельник, 23 ноября 2026
Спорт

ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 дастаи иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол байни наврасони то 17-сола муайян карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони мамлакат  таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҷаъфар Ахмедов намояндагӣ мекунад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2026, ки дар Узбекистон баргузор шуд, мақоми аввалро соҳиб гардида буд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027  аз 12 то 29 майи соли 2027 дар Узбекистон баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj