ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 дастаи иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол байни наврасони то 17-сола муайян карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони мамлакат таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҷаъфар Ахмедов намояндагӣ мекунад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2026, ки дар Узбекистон баргузор шуд, мақоми аввалро соҳиб гардида буд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 аз 12 то 29 майи соли 2027 дар Узбекистон баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






