ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуди Шолуӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар самти баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бахшида ба гиромидошти рӯзгор ва осори шахсиятҳои барҷастаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






