Душанбе, 23 ноябр 2026
Сиёсат

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо устондори Ал-Аҳмадӣ Шайх Ҳамуд Ҷобир Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот зимни баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар бораи зарфияти нав барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар доир шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj