Якшанбе, 22 ноябр 2026
Сиёсат

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр мулоқоти консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Зарина Исмоилзода бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷик, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ “Ховар” аз Федератсияи Русия хабар дод, мулоқот бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ, шароити таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами ҳамватанони муқими минтақа баргузор шуд.

Нахуст оид ба аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.

Зарина Исмоилзода дар бораи нақши тақдирсоз ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зимни мулоқот дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду навсозии беш аз 36 ҳазор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар ин давра бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзишӣ ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёд, навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар идомаи вохӯрӣ вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари иқомат баррасӣ гардиданд.

Консули генералӣ таъкид намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд фаъолияти меҳнатии худро дар Русия мутобиқи талаботи қонунгузории ин кишвар ба роҳ монда, ҳуҷҷатҳои заруриро сари вақт ба расмият дароранд. Бо назардошти тағйиру иловаҳои мунтазам ба қонунгузории Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз роҳбарони ҷамъиятҳо даъват карда шуд, ки дар огоҳонидани ҳамватанон, мутобиқшавии онҳо ба талаботи нави қонунгузорӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ саҳми фаъол гузоранд.

Ҳамзамон, зарурати муаррифии шоистаи симои тоҷикон, фарҳангу таърих ва арзишҳои миллӣ дар расонаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид гардид. Дар ин замина, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ барои ҷалби намояндагони илму фарҳанг, зиёиён ва баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ даъват шуданд.

Ба донишҷӯёни тоҷик оид ба зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои таҳсил, азхудкунии илму дониш ва забонҳои хориҷӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу таърихи ниёгон тавсияҳо дода шуданд.

Инчунин, ба масъалаҳои муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба як рӯйдоди муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд.

Тибқи қатъномаи мазкур, шуруъ аз соли 2027 ҳамасола 31 август дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад. Ин иқдом ҳамчун саҳми муҳими Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ дар самти истифодаи масъулона ва боэътимоди технологияҳои зеҳни сунъӣ арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот ҳамватанон масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худро, аз ҷумла вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти онҳо дар кишвари иқомат, ба миён гузошта, ба саволу дархостҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj