ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М. Миршакар» бо иштироки 38 довталаб Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмуни дар доираи «Барномаи давлатии рушди фарҳанг ва санъат дар Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳадафи он омӯзишу баррасии масъалаҳои марбут ба тақвияти дониш ва ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, шиносоӣ бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мебошад.
Озмун аз моҳи сентябр то нимаи дуюми моҳи ноябр дар се давр – ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Даври ҷумҳуриявии озмун тибқи низомнома миёни хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.
Ғолибон бо ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофот қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






