ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия хабар доданд, масоҳати майдончаи варзишӣ 950 метри мураббаъ буда, дарозии он 44 метр ва паҳнояш 22 метрро ташкил медиҳад. Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар он барои машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суҳбат бо сокинони деҳа иброз дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат дар тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ пешрафту рушди назаррас ба даст омада, раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо пайваста тақвият меёбад. Дар ин раванд сокинон ва соҳибкорони ватандӯст бо ташаббусҳои созанда дар ободонии маҳалли зист саҳми арзанда мегузоранд.
Бунёди майдончаи варзишӣ дар деҳа аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рӯзиқул Олимов ташаббуси ватандӯстона ба ҳисоб меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






