ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти илм ва технологияи Австрия (ISTA) Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Санад ба рушди ҳамкории дарозмуддати соҳавӣ ва техникӣ дар самтҳои омӯзиши пиряхҳо, криосфера, гидрология, метеорология, захираҳои обии кӯҳсор ва тағйирёбии иқлим равона гардидааст.
Дар доираи ҳамкорӣ навсозии истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон», рушди мушоҳидаҳо дар ҳавзаи дарёи Қизилсӯ, амалӣ намудани технологияҳои муосири ченкунӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони ватанӣ пешбинӣ мегардад.
Ин ҳуҷҷат имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, ба хусус дар доираи лоиҳаи «MountAInWater» иштирок намояд.
Имзои созишнома қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии байналмилалӣ, тақвияти имконияти низоми миллии мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






