Шанбе, 21 ноябр 2026
Варзиш

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар оғози Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи Кубаро мағлуб кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар оғози Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи Кубаро мағлуб кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бомуваффақият оғоз карда, дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ҳамсолони худ аз Кубаро мағлуб намуд.

Вохӯрии гурӯҳи «F» имрӯз, 20 ноябр дар майдони №4-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 5:3 ба нафъи мунтахаби мо анҷом ёфт.

Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Асадбек Махтумов ду гол ба самар расонд. Як голи дигарро Парвиз Бобоназаров ва футболбозони аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромада дар нимаи дуюм Комилҷон Шарипов ва Биҳиштӣ Раҷабзода ба ҳадаф расониданд.

Нимҳимоятгари мунтахаби наврасони Тоҷикистон - Комилҷон Шарипов беҳтарин бозигари дидор муқобили тими Куба (5:3) эътироф гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр бо тими наврасони Хорватия бозӣ мекунад.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj