Шанбе, 21 ноябр 2026
Хабарҳо

Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид

Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид

ВАҲДАТ, 21.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ» ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводории мамлакат  баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон  аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

Дар фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулин чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки соҳаи чорводорӣ тайи солҳои охир бо дастгирии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзун гардида истодааст.

Тибқи маълумоти оморӣ,  ба ҳолати 1 ноябри соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 3 миллиону 111 ҳазору 676 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 1,6 миллион сар модагов, 32453 сар қутос, 8,3  миллион сар гӯсфанду буз ва 99654 ҳазор сар асп, 13,8 миллион сар паранда ва 261901  оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад.

Дар ин давра 329301 тонна гӯшт бо вазни зинда, 887909 тонна шир, 44193 тонна гӯшти паранда, 8862 тонна пашм ва 4022,5 тонна асал истеҳсол карда шудааст.

Иброз гардид, ки чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи назаррас дорад. Аз ҷумла, пешрафти зотпарварӣ ва зиёд намудани чорвои калони зотӣ, хушзотгардонии чорвои мавҷуда ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои колону моли майда дар афзун гардонидани истеҳсоли гӯшту шир мавқеи муҳим дорад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 80 адад хоҷагиҳои зотпарварӣ фаъолият дорад, ки дар он зотҳои гуногуни чорвои шохдори калону майда ва аспу паранда, занбӯри асалу моҳӣ ва харгӯш парвариш ёфта истодааст.

Дар фарҷом як зумра чорвопарварон, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj