ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Рашт ба ятимони кулл, шахсони дорои имконияти маҳдуд ва оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор 30 манзили истиқоматии бо тамоми шароити муосир муҷаҳҳаз тақдим карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд, дар маросими тақдими манзилҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирок намуд. Манзилҳои истиқоматӣ бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ сохта шуда, ба оилаҳои ниёзманд тақдим гардиданд.
Тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои ниёзманд иқдоми хайрхоҳона буда, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии табақаҳои осебпазири ҷомеа ва таҳкими арзишҳои инсондӯстиву эҳсонкорӣ равона шудааст. Ин иқдом намунаи иштироки соҳибкорони ватандӯст дар татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ ва дастгирии ҳамватанони ниёзманд мебошад.
Дар идомаи корҳои созандагӣ дар маҳаллаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи дӯзандагӣ ва қаннодӣ ба фаъолият оғоз намуд. Баъди ба кор даромадани ин корхонаҳо беш аз 40 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи нави кор гардид.
Ҳамзамон дар маҳалла майдончаи варзишии замонавӣ ва майдончаи бозии кӯдакона мавриди истифода қарор гирифтанд. Иншоот барои фароҳам овардани шароити мусоид барои машғул шудани кӯдакону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташкили фароғати онҳо пешбинӣ шудаанд.
Зимни маросими тақдими манзилҳо оилаҳои соҳиби хонагардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкори саховатпеша барои дастгирию ғамхорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Татбиқи чунин иқдомҳои иҷтимоию созанда дар баробари беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои ниёзманд ба рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойи нави кор, таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






