Шанбе, 21 ноябр 2026
Иқтисод

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар ҷаласа раванди татбиқи се ҳуҷҷати муҳими банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024–2026-и «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» ва «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини иҷрои саривақтии бандҳои нақшаҳои чорабиниҳои дахлдор, муайян намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, баланд бардоштани сифати иҷрои корҳо, инчунин тақвияти раванди мониторинг ва арзёбии мунтазами татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои пешбинишуда вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj