ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он яке аз бахшҳои сердаромадтарини кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдони боғу токзорро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил зиёд намоем. Барои парвариши ниҳолҳои серҳосил бояд ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳи бештар намоем.
Тавре ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Сайдалӣ Гулов иброз намуд, «яке аз ҳадафҳои рушди соҳаи боғдорӣ бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивии сермаҳсули себ, нок, зардолу, олу, гелос, шафтолу, писта ва чормағз бо истифода аз зерпайвандҳои қадкӯтоҳ мебошад. Ҳосилнокии чунин боғҳо 40–80 тонна аз як гектар буда, нисбат ба боғҳои муқаррарӣ 8–10 маротиба баланд мебошад. Инчунин дар бунёди чунин боғҳо усули обёрии қатрагӣ имконият медиҳад, ки об сарфакорона истифода шавад».
Ба таъкиди доктори илмҳои биологӣ, боғҳои интенсивии бунёдшудаи ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар соли дуюм 5–6 тонна ва дар соли 7–8-ум аз 30 то 35-тоннагӣ ҳосил дода истодаанд ва ҳосилнокии онҳо сол аз сол афзун мегардад.
«Боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ хусусияти зуд ба ҳосилдароӣ доранд, хароҷоти меҳнати дастӣ барои буридани шоху навдаҳо ва ҷамъоварии ҳосил дар чунин боғҳо нисбатан кам аст, моддаҳои ғизоӣ дар шакли маҳлул барои ташаккулёбии мева сарфакорона ва дастрас дода мешаванд, ҳаҷман хурд будани дарахтон имконият медиҳад, ки дар майдонҳо шумораи зиёди дарахтон ҷой карда шаванд. Инчунин бо бунёди чунин боғҳо дар қаторҳои дарахтони қадкӯтоҳ корҳои агротехникӣ осон буда, имконият медиҳад, ки дарахтон пурра бо заҳрдоруҳо коркард гашта, меваи онҳо бо осонӣ ҷамъоварӣ шавад, шоху навдаҳо ба шакл дароварда ва бурида шаванд. Меваи ин гуна боғҳо таъми баланд дошта, ҳаҷман калон, намуди зоҳириашон бозоргир ва дорои моддаҳои зиёди ғизоӣ мебошанд», — иброз намуд Сайдалӣ Гулов.
Бунёд ва парвариши боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, дар 4–5 соли аввали парвариш хароҷоти сарфшуда ҷуброн мешавад ва боз 18–20 соли дигар даромади соф ба андозаи тақрибан 250–300 ҳазор сомонӣ аз як гектар ба даст меояд.
Дар айни замон дар мамлакат барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатии соҳавӣ ва супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону мутахассисони ҷумҳурӣ тамоми қувваю заковати худро ба бунёди боғҳои замонавии содиротӣ равона намудаанд.
Боғпарварии интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи қабули барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ оғоз гардид. Он барои татбиқи технологияи инноватсионии парвариши дарахтони мевадиҳанда замина гузошт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъмини бозори дохилӣ бо меваю ангур, афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат, таъмини амнияти ғизоӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварии ҷумҳуриро қабул ва амалӣ намуд.
Ба таъкиди доктори илмҳои биологӣ, зарурати қабули барномаҳои мазкур таконе буд дар рушди боғпарварии муосир бо мақсади татбиқи технологияи муосир, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, таъмини иҷрои «Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон», «Барномаи амнияти ғизоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Тибқи маълумоти оморӣ ва таҳлили ҳамсуҳбати мо, ҳолати кунунӣ ва ҳосилнокии боғҳои мавҷуда (анъанавӣ) дар айни замон чандон ба талабот ҷавобгӯ нест. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба 1 январи соли 2026, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева дар давраи истиқлолият аз 69 ҳазору 764 тоннаи соли 1991 ба 954 ҳазору 350 тонна ва истеҳсоли ангур мутаносибан аз 92 607 ба 346 050 тонна расидааст, ки дар маҷмуъ 1 миллиону 300 ҳазору 400 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии боғҳои мевадор мутаносибан аз 22,6 ба 59,7 сентнер аз як гектар ва ҳосилнокии токзор аз 36,4 ба 84,6 сентнер аз як гектар расидааст, ки нисбат ба иқтидори аслии онҳо ҳоло ҳам хеле паст аст. Майдони боғҳо дар 35 соли истиқлоли давлатӣ аз 79 ҳазору 407 гектари соли 1991 ба 209 ҳазору 024 гектари соли 2025 расидааст, ки мутаносибан зиёда аз 2,6 маротиба зиёд аст.
“Маълумоти овардашуда гувоҳи он аст, ки ҳосилнокии боғу токзор паст буда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ намебошад. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо назардошти ба даст овардани ҳосилнокии ниҳоӣ ва истифодаи оқилонаи об ва заминҳои корам мо бояд бештар аз пештар дар асоси таҳқиқоти илмии мукаммалгардонии технологияи парвариш ба бунёди боғҳои интенсивӣ, суперинтенсивӣ ва супер-суперинтенсивӣ рӯ оварем, ки ҳосилнокии онҳо аз 40 то 100 тонна аз як гектарро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз ду ҳазор гектар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд карда шудаанд, ки ин майдонҳо нокифоя мебошанд”,-мегӯяд Сайдалӣ Гулов афзуд.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат «Барномаи нави рушди боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ барои солҳои 2025–2029» қабул гардид. Сайдалӣ Гулов афзуд, ки ин барнома дар ҷумҳурӣ чунин ҷабҳаҳои нав ва самтҳои пойдор намудани заминаи моддию техникии соҳаи мазкурро дар бар мегирад:
— бунёди боғу токзор ва гармхонаҳои ситруспарварӣ бо таъмини технологияи парвариши инноватсионӣ;
— иваз намудани боғу токзори кӯҳна;
— иваз намудани навъҳои камҳосилу пастсифат ба навъҳои серҳосилу хушсифати ба содирот нигаронида;
— бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ;
— бунёди боғҳои растаниҳои ситрусӣ бо истифодаи технологияи инноватсионӣ;
— ташкил намудани ниҳолхонаҳо бо мақсади таъмини зерпайвандҳои нашвӣ, қаламчаи ниҳол ва тагпайвандҳои тухмӣ;
— ҷойгиркунии минтақабоби навъҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, корами лалмӣ, чарогоҳ ва заминҳои ғайрикишоварзии минтақаҳои бо намнокӣ таъмин;
— ҳифз намудани боғу токзор, ниҳолҳо ва боғҳои модарӣ аз касалию зараррасонҳо дар асоси пешниҳодҳои илман асоснок;
— таъмини раванди иҷрои барнома бо техникаю технологияи пешрафтаи кишоварзӣ, нуриҳои минералию органикӣ ва заҳрдоруҳо;
— таъминоти пурраи аҳолии мамлакат бо меваҷот ва маҳсулоти коркарди он дар тамоми фасли сол, содироти маҳсулот, бунёди анбору сардхонаҳои саноатии меванигоҳдорӣ, коргоҳҳои истеҳсоли зарф, масолеҳ барои бастабандӣ ва сеху корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулот.
Татбиқи барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки боғдорӣ ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил гардад. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабзу ороишӣ корҳои сабзазоркунӣ ва хуррамсозӣ, хусусан ниҳолшинонӣ амалӣ гардида истодаанд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- амнияти озуқаворӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, афзун намудани парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда, амалӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам дар истеҳсолот ва бо роҳи истифодаи технологияи интенсивӣ ба даст овардани ҳосили баланд мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






