Шанбе, 21 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид

ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 июли соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025 – 2029» ба тасвиб расид. Он аз 20 банд иборат буда, бо мақсади муқаррар кардани талаботи теъдодии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба кадрҳои соҳибихтисос таҳия карда шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Носирзода иттилоъ дод, дар доираи марҳилаи аввали иҷрои ин барнома ташкили раванди таҳсилоти касбӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо корфармоён ба роҳ монда шуда, бо 657 ташкилоту корхонаҳои соҳавӣ шарномаҳои ҳамкорӣ барои табодули таҷриба, гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва машғулияти таълими истеҳсолӣ баста шуданд.

Ҳамзамон бо мақсади ба роҳ мондани низоми омӯзиши пайвастаи талаботи бозори меҳнат ва соҳаҳои иқтисодиёт ба мутахассисон аз рӯйи ҳама зинаҳои таҳсилоти касбӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» бо дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳқиқот доир ба малакаҳои зарурӣ барои корхонаҳои бахши саноат, сохтмон ва сайёҳӣ гузаронида шуд.

Дар доираи таҳқиқот 1028 нафар корфармоён, 2014 нафар кормандон дар 1028 субъектҳои хоҷагидор ба пурсиш фаро гирифта шуданд. Мувофиқи натиҷаҳои бадастомада, талабот ба 22 номгӯй касбу ихтисосҳо бо таҳсилоти олии касбӣ, 9 номгӯй бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 21 номгӯй бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бахшҳои саноат, сохтмон ва сайёҳӣ вуҷуд дорад. Дар муассисаҳои таълими таҳсилоти касбӣ 71 стандарти салоҳияти касбӣ ва 126 барномаи таълимӣ мавриди истифода қарор доранд.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ барои ҳавасмандгардонии корфармоён ба раванди омодасозии мутахассисон заминаҳои стратегӣ ва қонунгузорӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳукумати мамлакат ин самтро яке аз омилҳои асосии расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат ва таъмини шуғли пурмаҳсул медонад ва дар ин самт аз ҷониби вазорату идораҳо, корфармоён ва муассисаҳои таълими корҳои муайян ба сомон расонида шуд.

Ҳамасола на кам аз ду пурсиши корфармоён барои муайян намудани талаботи ҷории онҳо ба кадрҳои коргарӣ гузаронида мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 чунин таҳқиқот бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд баргузор карда шуд. Шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (дар ҳама зинаҳои таҳсилот) 60274 нафар буда, аз ин 41732 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки 69,2 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таҳия ва ташкили низоми нави иҷозатномадиҳӣ ва бозхонди ваколати муассисаҳои низоми таҳсилоти касбӣ дар самти таҳсилоти касбӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба 22 муассисаи низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 49 муассисаи низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 33 муассисаи низоми таҳсилоти олии касбӣ иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шудааст.

Дар шароити рушди босуръати иҷтимоию иқтисодӣ, тағйирёбии бозори меҳнат ва пешрафти технология масъалаи банақшагирии қабули донишҷӯён ба муассисаҳои низоми таҳсилоти касбӣ аҳамияти махсус касб менамояд.

Татбиқи самараноки сиёсати давлатии кадрӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилоти касбӣ ба талаботи воқеии бозори меҳнат, а роҳ мондани механизми омодасозии мутахассисон дар асоси фармоиши давлатӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Он дар заминаи таҳлили ҳамаҷонибаи эҳтиёҷоти кадрии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва иқтисоди рақамӣ бо назардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат барои давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат татбиқ карда мешавад.

Ба иттилои ҳамсуҳбат, дар доираи иҷрои барнома 16 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти касбӣ такмил дода шуд, 9 адади он қабул гардида, 7 адади дигар дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Инчунин 8 санади дохилиидоравӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида, бо фармоишҳои дохилӣ тасдиқ карда шуд.

Тибқи арзёбии барнома, дар натиҷаи амалисозии барнома то соли 2029 низоми таҳсилоти касбӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат такмил ёфта, заминаи омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ фароҳам оварда мешавад.

Тибқи пешбиниҳо, то соли 2029 шумораи қувваи кории истифоданашуда 8,7 фоиз афзоиш ёфта, ба 3,79 миллион нафар мерасад. Ҳамзамон набудани стандартҳои салоҳияти касбӣ ва номукаммал будани барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат метавонад боиси омода шудани мутахассисони камталабот гардад.

Бо мақсади пешгирии чунин хавфҳо дар доираи барнома ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории соҳаи таҳсилоти касбӣ, таҳияи стандартҳои салоҳияти касбӣ, таъсиси шуроҳои соҳавии тахассусҳо ва татбиқи низоми сертификатсияи тахассусҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин низоми муайян намудани талаботи бозори меҳнат ба мутахассисон, омодасозии кадрҳо дар асоси фармоиши давлатӣ, ҷалби корфармоён ба раванди тайёр кардани мутахассисон ва арзёбии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз рӯи сатҳи бокортаъминшавии хатмкунандагон амалӣ мегардад.

Татбиқи ин тадбирҳо ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи воқеии бозори меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи бокортаъминшавии ҷавонон мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj