ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб, аз ҷумла 445 нафар духтарон иштирок доранд. Ба ин иштирокчиён баъди гузаштан аз даври чоруми озмун сертификат дода мешавад, ки он тибқи тартиби муқарраршуда барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат имтиёзҳои муайянро пешбинӣ менамояд.
Мутолиаи китоб – роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург
Мутолиаи китоб на танҳо ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва маърифати ӯро баланд мебардорад, балки метавонад барои расидан ба ҳадафҳои бузурги зиндагӣ низ замина гузорад. Яке аз намунаҳои равшани ин раванд Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки дар баробари тарғиби фарҳанги китобхонӣ барои иштирокчиёни фаъолу ғолибон имконияти муҳими таҳсилӣ фароҳам овардааст.
Мутобиқи шартҳои пешбинишуда, дорандагони сертификат метавонанд дар муҳлати то се сол аз рӯйи равияҳои гуманитарӣ ва педагогӣ бе супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон дохил шаванд.
Ин имконият барои хонандагони синфҳои 9–11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфҳои 10–11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ пешбинӣ гардидааст. Яъне, онҳо метавонанд баъди хатми муассисаи таълимӣ бо истифода аз сертификат таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома диҳанд.
Имтиёзҳои бештар барои ғолибони озмун пешбинӣ шудаанд. Иштирокчиёне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоиза мегарданд, метавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи равияи дилхоҳашон бе супоридани имтиҳон ва ба таври ройгон дохил шаванд.
Ҳамчунин хонандагону донишҷӯёне, ки дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар ҳолати соҳиб шудан ба яке аз ҷойҳои ифтихорӣ ё Шоҳҷоиза ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.
Қадршиносии дониш ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳо
Ин имтиёзҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар доираи озмун китобхонӣ ҳамчун омили муҳими рушди зеҳнӣ ва маънавии инсон қадр карда мешавад. Барои довталабон чунин имконот на танҳо ҳавасмандӣ ба мутолиаи бештар, балки ангезаи ҷиддӣ барои идомаи таҳсил, такмили дониш ва интихоби роҳи ояндаи касбӣ мебошанд.
Ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки озмун доираи васеи ҷомеаро фаро гирифта, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорон, ходимони илмию адабӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳангу санъат, калонсолон ва дигар қишрҳои аҳолӣ иштирок мекунанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» намунаи иқдоме мебошад, ки дар он дониш, истеъдод ва кӯшиши пайвастаи инсон қадр карда мешаванд. Имтиёзҳои таҳсилӣ барои иштирокчиён имконияти иловагӣ фароҳам оварда, нишон медиҳанд, ки муҳаббат ба китоб метавонад ба дастовардҳои воқеии зиндагӣ роҳ кушояд.
Зеро китоб танҳо сарчашмаи дониш нест, балки роҳнамои инсон ба сӯи ояндаи равшан ва зиндагии маърифатнок мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






