ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геология хабар доданд.
Дар ҳамоиш дастовардҳо ва натиҷаҳои фаъолияти Саридораи геология дар даврони соҳибистиқлолӣ, намунаҳои канданиҳои фоиданок, техникаю таҷҳизоти муосир ва имконияти истифодаи технологияҳои рақамӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз геологҳои тоҷик дар омӯзиш, ҷустуҷӯ ва иктишофи сарватҳои зеризаминӣ, арзёбии захираҳои минералӣ ва таҳқиқоти гидрогеологиву муҳандисию геологӣ саҳми муҳим доранд. Аз ҷумла, онҳо дар корҳои саҳроӣ, таҳқиқоти илмӣ, таҳияи харитаҳои рақамии геологӣ ва истифодаи барномаҳои муосири «Micromine» ва «Datamine» фаъолона иштирок менамоянд.
Дастгирии ҷавонони лаёқатманд, баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили ихтисос ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба корҳои масъулиятнок яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти саридора мебошад.
Соҳаи геология дар омӯзиш ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии мамлакат, муайян намудани имконияти рушди саноати кӯҳӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо ашёи хоми минералӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба ин соҳа ва омода намудани мутахассисони дорои донишҳои муосири назариявию амалӣ аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон истифодаи технологияҳои рақамӣ, таҷҳизоти муосири геологӣ ва усулҳои нави таҳқиқот имконият фароҳам меорад, ки корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ бо дақиқии бештар анҷом дода шаванд. Дар ин замина баланд бардоштани малакаи кор бо барномаҳои махсусгардонида ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ барои мутахассисони ҷавон муҳим арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва идомадиҳандаи фаъолияти насли пешин бояд дар рушди илму техника, омӯзиши сарватҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои нав саҳми бештар гузоранд. Чунин ҳамоишҳо ба таҳкими ҳамкории ҷавонон, табодули таҷриба ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии касбии онҳо мусоидат менамоянд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






