Якшанбе, 22 ноябр 2026
Хабарҳо

Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид

Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни баргузории чорабиниҳои санҷишию назоратӣ дар 10 шаҳру ноҳияи вилоят 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани 620 бех дарахтро сабт намуданд. Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба шахсони дахлдор 18 парвандаи ҷиноятӣ ва 228 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Қонуншиканиҳои мазкур дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз шумораи умумии 620 бех дарахти буридашуда 456 бехро дарахтони сояафкан ва 164 бехро дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз сокинон даъват ба амал меорад, ки нисбат ба ҳифзи муҳити зист, ба хусус нигоҳдории дарахту буттаҳо масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, аз буридани ғайриқонунии онҳо худдорӣ кунанд. Ҳифзи сарватҳои табиӣ ва нигоҳдории фазои сабз вазифаи шаҳрвандии ҳар фард буда, дар ободониву беҳдошти муҳити зист нақши калидӣ дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj